ЯРМАРКАИ “МУТАХАСИСОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ШУД
Дирӯз, санаи 20-уми апрели соли 2026, чун анъана дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи "Мутахассисони беҳтарин баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории маросими оммавии тақсимоти хатмкунандагон, мутахассисони беҳтарин, дар донишкада ба ҳукми анъана даромадааст. Ин тадбири муҳим ба хотири боз ҳам қавӣ намудани робитаи донишкада бо ташкилоту корхонаҳо роҳандозӣ гардида, барои таъмини ҷойи корӣ ба хатмкунандагон ва ҳамчунин интихоби кадрҳои болаёқат ба роҳбарони коргоҳҳо мусоидат менамояд.
Нахуст роҳбарияти донишкада ва меҳмонон аз дастовардҳои ширкату муаасисаҳо ва ташкилотҳо, ки дар чорабинӣ молу мавҳсулоти худро муаррифӣ намуданд аз назди шинос шуданд.
Дар маросими расмии чорабини директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Хурсанд Содиқзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисони касбӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид медоранд, ки бобати фароҳам овардани ҷойи корӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта донишкадаро 683 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 96 фоизи хатмкунандагон сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Аз он ҷумла, ҳамасола тариқи ярмакаи “Мутахассисони беҳтарин” зиёда аз 100 нафар хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ мешаванд.
Соли равон донишкадаро 622 нафар, аз он ҷумла 522 нафар бакалавр, 10 нафар магистратура ва 90 нафар шуъбаи фосилавиро хатм хоҳанд кард.
Бояд қайд намуд, ки дар донишкада соли ҷорӣ ихтисосҳои нави ҷавобгу ба талаботи замони муосир ба монанди:
1. Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ
2. Зеҳни сунъӣ
3. Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ
4. Таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо)
5. Логистика
6. Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит
7. Аудит ва ревизия
8. Дизайни дохили бино
9. Автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ
кушода шуда дар маҷмуъ миқдори умумии ихтисосҳо ба 32 адад расонида шуданд.
Директори донишкада афзуд, ки бо мақсади қавитар сохтани ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо мо тасмим гирифтаем, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намоем. Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад. Дар натиҷаи чунин ҳамкориҳо донишкада тавонист дар назди як қатор ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла корхонаи муштараки «Ҷавонӣ», коргоҳҳои «САТН», «Тиниал», «Фаровон», “Молия гурӯҳ”, “Далерон”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии «АРЗ-4», «Ассотсиатсияи АББАТ», кафедраҳои сайёри худро таъсис диҳад. Мо аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки бо коргоҳҳои истеҳсолии «Далерон», «Фаровон, «Файзи Расул», ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Старпласт», “Лега”, бонкҳои «Имон Интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», Ҷаъмияти саҳомии “АРЗ -4”, корхонаҳои “Айтиран”, “Мутахассисони роҳи абрешим” робитаи хуби ҳамкорӣ дорем ва ин робитаи мо минбаъд низ бо дигар ташкилоту коргоҳҳо бештар хоҳад шуд.
Сипас Маъруф Алибоев, намояндаи Раёсати агнетии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд, Хуршед Темуров, мушовири директори донишкада ва дигарон баромад намуда, баргузории Ярмарка-Форуми “Интихоби мутахасисони арзанда” дар самти ба шуғли доимӣ фаро гирифтани хатмкунандагони донишкадаро фоли нек арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин тадбир баҳри иҷрои барномаву қарорҳои соҳавии Давлату Ҳукумати мамлакат муосидат хоҳад намуд. Зикр гардид, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар намудааст ва дар самти омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат ҷаҳду талош дорад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар доираи баргузории Ярмаркаи “Мутахасисони беҳтарин” аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ бозии интерактивӣ ташкил гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои ҳамкории хуб, густариши робитаҳо ба роҳбарону масъулони чанде аз корхонаву ташкилотҳои вилоят Сипосномаи Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО